Идомаи кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Дар мулоқоти  имрӯзаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки давоми 23-соли шарикӣ Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, […]

Asia-Plus

Дар мулоқоти  имрӯзаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки давоми 23-соли шарикӣ Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дастгирии буҷети давлатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок ҳамкории манфиатбор ба роҳ монда, дар ин муддат қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмакҳои техникии зиёд пешниҳод намудааст.

Айни замон лоиҳаҳои фаъоли Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи зиёда 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо доир ба татбиқи босамари Стратегияи панҷсолаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки пеш аз ҳама самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавиро дар бар мегирад табодули афкор карда, таҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистонро низ дар доираи ин Стратегия муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАСА-1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқии обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамзамон рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегияҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.