Соли гузашта нисбати бонкҳо ҳамагӣ 17 даъво пешниҳод шуд

Соли 2016 судҳои иқтисодии кишвар 17даъвои муштариён нисбати бонкҳои тиҷоратиро баррасӣ карда, аксари онҳо қонеъ гардонида шудаанд. «Даъвоҳо асосан ба бонкҳои дучори мушкилот, аз ҷумла «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» дахл доштанд. Нисбати «Агроинвестбонк» 3 даъво, «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» – 2-тогӣ даъво ва «Бонки рушди Тоҷикистон» (ба сохтори «Тоҷиксодиротбонк» шомил аст) – 1 даъво баррасӣ шуда, […]

Asia-Plus

Соли 2016 судҳои иқтисодии кишвар 17даъвои муштариён нисбати бонкҳои тиҷоратиро баррасӣ карда, аксари онҳо қонеъ гардонида шудаанд.

«Даъвоҳо асосан ба бонкҳои дучори мушкилот, аз ҷумла «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» дахл доштанд. Нисбати «Агроинвестбонк» 3 даъво, «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» – 2-тогӣ даъво ва «Бонки рушди Тоҷикистон» (ба сохтори «Тоҷиксодиротбонк» шомил аст) – 1 даъво баррасӣ шуда, аксари ин даъвоҳо пурра ё қисман қонеъ карда шуданд», – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансурзода.

Дар ҳамин ҳол, номбурда қайд кард, ки соли гузашта бар асоси эътирози бонкҳо нисбати муштариён 521 парвандаи судӣ баррасӣ ва аз рӯи натиҷаи онҳо муштариён уҳдадор карда шудаанд, ки 530 млн. сомонӣ, ҳудуди 132 млн. доллар ва беш аз 18,6 млн. евро маблағҳоро ба бонкҳо баргардонанд.

Зимнан зикр гардид, ки эътирози бонкҳо нисбати муштариён асосан дар он ифода меёфтанд, ки онҳо аз уҳдаи саривақт баргардонидани қарзҳо набаромадаанд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, танҳо дар сурати содир гардидани қарори дахлдори судҳо, бонкҳо метавонанд ба амволи гаравгузоштаи қарзгирандагон соҳиб шаванд ва баъдан арзиши амволи гарав муайян ва он дар музояда фурӯхта ё ба тавозуни бонк гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта як қатор бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» ба мушкилоти молӣ дучор шуда, аз ҷумла саривақт баргардонида нашудани қарзҳо аз ҷониби муштариёнро сабаб оварда буданд, ки дар навбати худ ба онҳо имкон надод, ки саҳму амонатҳои муштариёнашоро баргардонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.