Душанбе васеътар шуда, маркази шаҳр кӯчонида мешавад

Қаламрави шаҳри Душанбе ба масоҳати қариб 10 ҳазор гектар васеъ мешавад. Нақшаи нави генералии пойтахти Тоҷикистон мавриди баррасии мақомоти шаҳрдорӣ қарор дорад. Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода қайд кард, ки нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе муддати 7 сол аз ҷониби ҶСК «Гипрогор»-и Русия таҳия шудааст ва барои тасдиқ ба ҳукумати […]

Asia-Plus

Қаламрави шаҳри Душанбе ба масоҳати қариб 10 ҳазор гектар васеъ мешавад. Нақшаи нави генералии пойтахти Тоҷикистон мавриди баррасии мақомоти шаҳрдорӣ қарор дорад.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода қайд кард, ки нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе муддати 7 сол аз ҷониби ҶСК «Гипрогор»-и Русия таҳия шудааст ва барои тасдиқ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

Мувофиқи нақшаи нави генералӣ, ҳудуди пойтахт аз 12,5 ҳазор гектари ҳозира аз ҳисоби заминҳои шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ боз ба андозаи 9,5 ҳазор гектар зиёдтар мешавад ва ин кор давра ба давра то соли 2040 сурат мегирад.

Дар робита ба бинои нави парлумон зикр гардид, ки сохтмони бинои нави Парлумон дар заминаи бинои ҳозираи Вазорати кишоварзӣ, ҳукумати шаҳри Душанбе ва бинову иншооти мавҷудаи ҳудуди интихобшуда пешбинӣ шудааст.

Дар ҷойи собиқ бинои Театри Маяковский ва бинои Қасри президент, ки онҳо ҳам кӯчонида мешаванд, бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ сохта шуда, дар канори хиёбони Рӯдакӣ, оғоз аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Шотемур, аз кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ то кӯчаи Турдиев дар пеши биноҳои бунёдшавандаи Парлумон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди гулгашт бо паҳноии 53 метр ба нақша гирифта шудааст.  

Тибқи баъзе маълумот, раиси пойтахт ва муовинони ӯ муваққатан ба бинои Қасри президент кӯчидаанд. Баъди қабули Нақшаи нави генералӣ ва кӯчонида шудани биноҳои пешбинишуда, то бунёди бинои нав барои шаҳрдорӣ, он боз муваққатан ба бинои дигар мекӯчад, вале макони сохтмони ин бино алҳол маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.