БОР ба Тоҷикистон 319 млн. доллар кумак мекунад

Бонки осиёгии рушд (БОР) давоми се соли наздик ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 319 млн. доллар кумак мекунад. Барномаи навшудаи БОР дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 ба дастгирии рушди энергетика ва роҳҳо, беҳбуди таъмини амнияти ғизойӣ, беҳтар гардонидани шароити муҳити сармоягузорӣ ва зербинои устувори шаҳрҳо нигаронида шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон иттилоъ […]

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) давоми се соли наздик ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 319 млн. доллар кумак мекунад.

Барномаи навшудаи БОР дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 ба дастгирии рушди энергетика ва роҳҳо, беҳбуди таъмини амнияти ғизойӣ, беҳтар гардонидани шароити муҳити сармоягузорӣ ва зербинои устувори шаҳрҳо нигаронида шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, кумаки молӣ дар доираи тарҳи тиҷоратӣ ҳудуди 319 млн. долларро ташкил медиҳад, ки аз тарҳи тиҷоратӣ барои солҳои 2014-2016 ба миқдори 200 млн. доллар зиёдтар аст.

«Тарҳи тиҷоратии мазкур ба стратегия нави шарикӣ бо кишвар дар давраи солҳои 2016-2020 мутобиқ буда, ба дастгирии рушди устувор ва ҳамагонии камтар осебпазир ба хатарҳои беруна, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ бо маоши шоиста равона гардида, БОР ба дастгирии ислоҳоти сохторӣ, иштироки бахши хусусӣ дар баланд бардоштани малакаҳо ва сармоягузорӣ ба зербино тавсеъа мебахшад», – иброз дошт зимни вохӯрӣ бо журналистон намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю.

Тибқи тарҳи индикативӣ, ҳаҷми кумаки БОР ба Тоҷикистон дар соли 2017 – 107 млн. ва сармоягузориҳои тарҳрезишуда дар соли 2018 – 108 млн. ва дар соли 2019 – 104 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, вале ҳаҷми маблағҳои ниҳоии дастгириву кумак ба дастовардҳо дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани воситаҳо дар БОР вобаста хоҳанд буд.

Дар назар аст, ки 50 фоизи ин кумак ба сифати дастгирии грантӣ ва боқимонда дар шакли қарзҳо пешниҳод мешавад.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.