Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар Суғд

Asia-Plus

Ахири ҳафтаи гузашта дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва ободониву тозагӣ оғоз шуд.

Бино ба итттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Гуфта мешавад, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд бо иштироки теъдоди зиёди сокинон  маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён гирифт, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок кард. Раиси вилоят дар ин мавзеъ худ бевосита дар шинонидани ниҳолҳо иштирок намуда, ҷиҳати дуруст ба шаклдарории ниҳолҳо ба мутасаддиёни соҳа маслиҳатҳои муфид дод.

Раиси вилоят ҳамзамон аз дигар қисмати хиёбони Истиқлол ва кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд низ дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ободонии маҳалаҳо ба роҳбарияти мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки бояд марҳила ба марҳила тамоми хиёбони Истиқлол ба таъмиру таҷдид ва чароғонкунӣ фаро гирифта шуда, дар ду канори роҳи хиёбон дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шавад. Зимнан, дарозии умумии хиёбони Истиқлол беш аз 5 км буда, он соли гузашта дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ гардид ва дар он Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” қомат афрохт.

Бояд қайд кард, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфта, то ин дам аллакай дар ҳудуди шаҳр беш аз 700 бех ниҳолҳо шинонида шудааст. Мувофиқи нақша то охири мавсим бояд зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасаб ва сояафкан шинонида шавад.

Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар марҳилаи аввал ҳамчунин дар кӯчаву хиёбон ва мавзеъҳои истироҳатии маркази вилоят 500 ҳазор дона гулҳои маҳаллӣ ва 200 ҳазор дона гулҳои ҳолландӣ шинонида шавад, ки шаҳри Хуҷандро боз ҳам зебову дилрабо мегардонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...