Мактаби байнулмилалии Душанбе пурра ба тавозуни ВКХ гузашт

Мактаби байнулмилалии Душанбе (Dushanbe International School), ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ширкати туркии «Шалола» муассисонаш мебошанд, акнун пурра ба тавозуни Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гузашт. «Яке аз сабабҳои ба тавозуни Вазорати супурдани мактаб хароҷоти зиёди молиявӣ аст, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Шалола». – Аз оғози соли нави хониши 2016 маблағи иҷорапулии […]

Asia-Plus

Мактаби байнулмилалии Душанбе (Dushanbe International School), ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ширкати туркии «Шалола» муассисонаш мебошанд, акнун пурра ба тавозуни Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гузашт.

«Яке аз сабабҳои ба тавозуни Вазорати супурдани мактаб хароҷоти зиёди молиявӣ аст, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Шалола». – Аз оғози соли нави хониши 2016 маблағи иҷорапулии моро аз 4 ҳазор то 10 ҳазор долар дар як моҳ боло бардоштанд ва ба мо лозим омад, ки ҷойи нав ҷустуҷӯ кунем, чунки мо ба пардохти ин миқдор маблағ имкон надорем  ва дар ниҳояти кор тасмим гирифтем, ки мактабро супорем».

Ҳамчунин дар ширкат зикр карданд, ки чунин тасмимгирӣ ба муроҷиати қаблии сафортхонаи Туркия ба ҳукумати Тоҷикистн ҷиҳати бастани мактаб низ марбут буда, аз ин лиҳоз онҳо нахостаанд, ки барои Вазорат мушкил эҷод кунанд ва худашон пешниҳод кардаанд, ки ҳамаи ҳуқуқҳои моликият ба мактаб ба ихтиёри Вазорат дода шавад.

Ҳуқуқҳои моликият ба мактаби мазкур моҳи ноябри соли гузашта пурра ба ихтиёри Вазорати корҳои хориҷӣ гузошта шуда, акнун ширкати «Шалола» ба он ҳеҷ муносибате надорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкат барои фаъолияти мактаби байнулмилалӣ дар Душанбе то соли 2022 иҷозатнома дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.