Кори расмии беш аз 11 ҳазор хориҷиён соли гузашта дар Тоҷикистон

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Соли 2016 барои кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 8 ҳазор квота тасдиқ шуда, вале дар амал беш аз 11,3 ҳазор нафар хориҷиён машғули кор буданд.

Раиси Кумитаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, сабаби ин дар он аст, ки соли сипаришуда аз ҳисоби квотаҳои тасдиқшуда беш аз 5 ҳазор нафар хориҷиён бо кор таъмин шуда, боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаву қарордодҳои байниҳукуматӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар фаъолият доштаанд.

«Аксари шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки дар соҳаҳои саноати истихроҷу кӯҳкорӣ, энергетика ва сохтмон кор мекарданд», – қайд кард Тағойзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2016 барои риояи накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон нисбати 492 нафар хориҷиён санадҳо тартиб дода шуда, 204 нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.

«Нафарони аз қаламрави Тоҷикистон хориҷшуда асосан шаҳрвандони Чин ва Афғонистон мебошанд, – иброз дошт вазир. – Маблағи умумии ҷаримаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои қонуншиканӣ дар ин самт беш аз 65,1 ҳазор сомониро ташкил дод».

Зимнан зикр гардид, ки масъалаи тасдиқи квотаҳои кор дар соли 2017 барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо фармони президент тасдиқ мешавад, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...