Қадимтарин маркази тиҷоратии Теҳрон аз сӯхтор фурӯ рехт

Субҳи рӯзи 19 январ дар бинои 17-ошёнаи маркази тиҷоратии «Пласко», воқеъ дар ҷануби пойтахти Эрон сӯхтор сар зада, бар асари он дастикам 30 нафар сӯхторнишонон ҷон бохтанд. Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» (www.tajikistantimes.tj) бо такя ба  расонаҳои эронй, сӯхторнишонҳо мутмаин буданд, ки алангаи оташро ба зудӣ хомӯш мекунанд, аммо сӯхтор дар чанд муддат ҳама […]

нашрияи «Тоҷикистон»

Субҳи рӯзи 19 январ дар бинои 17-ошёнаи маркази тиҷоратии «Пласко», воқеъ дар ҷануби пойтахти Эрон сӯхтор сар зада, бар асари он дастикам 30 нафар сӯхторнишонон ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Тоҷикистон» (www.tajikistantimes.tj) бо такя ба  расонаҳои эронй, сӯхторнишонҳо мутмаин буданд, ки алангаи оташро ба зудӣ хомӯш мекунанд, аммо сӯхтор дар чанд муддат ҳама биноро фаро гирифт. Баъд аз чаҳор соат, вақте сӯхторнишонҳо дар ошёнаҳои болоии бино бо оташ дар набард буданд, бино фурӯ рехтааст.

Мири Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолинбоф ба ҷойи ҳодиса омада, ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса дасти кам 20 тан аз сӯхторнишонҳо ба ҳалокат расиданд.Аммо хабаргузории «Тасним» бо такя ба дигар мансабдороне, ки дар ҷойи ҳодиса қарор доранд, теъдоди сӯхторнишонҳои кушташударо 30 нафар гуфтааст. «Тасним» дар бораи зери оворҳо мондани ду хабарнигор ва чанд тан аз соҳибони дӯконҳо низ иттилоъ додааст.

Баъзе аз расонаҳои эронӣ, аз ҷумла, шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press TV мегӯянд, ки аз 50 то 100 нафар зери харобаҳои «Пласко» мондаанд ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин фалокат шояд афзоиш ёбад.

Фурӯрезии маркази тиҷоратӣ ба биноҳои атроф осебе нарасонидааст, аммо мақомот сокинони биноҳои атроф ва аз ҷумла, кормандони сафоратхонаҳои Бритониё ва Туркияро ба ҷойи амн интиқол доданд.

Маркази тиҷоратии «Пласко» нахустин фурӯшгоҳи бисёрошёна дар Теҳрон буд. Бунёди ин фурӯшгоҳ соли 1962 поён ёфта, он замон баландтарин бино дар пойтахти Эрон маҳсуб мешуд. Дар маркази тиҷоратӣ беш аз 400 мағозаву дафтари кори ширкатҳо ҷойгир буд ва масъулони онҳо борҳо аз нақзи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор шикоят карда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.