Раиси Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,4 баробар афзуд

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар вилоят аломатҳои нахустини гузаштан аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба минтақаи индустриалӣ-аграрӣ ба мушоҳида расида, суръати афзоиши истеҳсолот дар соҳаи саноат ба ин гувоҳӣ медиҳад. «Агар дар хотир дошта бошед, қаблан мо гуфта будем, ки шурӯъ аз соли 2014 дар зарфи 3 […]

Баҳром Файзуллоев

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар вилоят аломатҳои нахустини гузаштан аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба минтақаи индустриалӣ-аграрӣ ба мушоҳида расида, суръати афзоиши истеҳсолот дар соҳаи саноат ба ин гувоҳӣ медиҳад.

«Агар дар хотир дошта бошед, қаблан мо гуфта будем, ки шурӯъ аз соли 2014 дар зарфи 3 сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро 2 баробар зиёд мекунем, – гуфт ӯ. – Ба мо муяссар шуд, ки ин нишондиҳандаро 2,4 баробар афзоиш диҳем ва имсол мақсад дорем, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатир то 8 млрд. сомонӣ расонем».

Бино ба маълумоти Абдураҳмон Қодирӣ, соли гузашта дар вилоят ба маблағи умумии 6,9 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, сураъти афзоиш 149%-ро ташкил додааст.

Раиси вилоят ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят 98 адад корхонаҳои нави саноатӣ бо 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

«Корхонаҳои нав асоан дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд гардида, ба роҳандозии ивази маҳсулоти воридотӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуданд», – гуфт раиси вилоят.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.