Абадӣ гардонидани хотираи Суҳроб Шарифов дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе хотираи сиёсатмадори варзидаи тоҷик, марҳум Суҳроб Шарипов, ки 19 январи соли 2015 даргузашта буд, абадӣ гардонида шуд. Яке аз кӯчаҳои пойтахт, ки номи Степан Шаумянро дошта, дар наздикиҳои фурудгоҳ воқеъ аст, ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд. Ба ин муносибат маросими гузоштани лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарипов доир гардида, дар он муовини роҳбари […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе хотираи сиёсатмадори варзидаи тоҷик, марҳум Суҳроб Шарипов, ки 19 январи соли 2015 даргузашта буд, абадӣ гардонида шуд.

Яке аз кӯчаҳои пойтахт, ки номи Степан Шаумянро дошта, дар наздикиҳои фурудгоҳ воқеъ аст, ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд.

Ба ин муносибат маросими гузоштани лавҳаи ёдгории Суҳроб Шарипов доир гардида, дар он муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров, шоир Назрӣ Яздон, ҳамсари сиёсатмадору фарзандон , хешовандону наздикон ва дӯстони ӯ ҳузур доштанд.

«Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҷавонони Тоҷикистон бояд бидонанд, ки барои чӣ кӯчаи Шаумян ба номи Суҳроб Шарипов гузошта шуд. Шаумян ҳам 100 сол пеш мубориз ва инқилобчӣ буда, аз ҳукумати вақти худ ҳимоя мекард. Суҳроб дар замони худ ин нақшро мебозид», – иброз дошт Сайфулло Сафаров. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.