Дастоварди назарраси толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Ҳафт хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии XIII Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ сазовори 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, аз 11 то 18 январи соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон XIII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков […]

АМИТ «Ховар»

Ҳафт хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии XIII Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ сазовори 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, аз 11 то 18 январи соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон XIII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он 3 даста Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар олимпиадаи мазкур аз 18 давлати дунё зиёда аз 500 нафар хонанда иштирок намуданд. Натиҷаи ҷамъбасти олимпиада нишон дод, ки 4 нафар хонандаи литсей-интернати «Ҳотам ва П.В» дар шаҳри Душанбе сазовори 1 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ ва хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.

Тавре ки аз Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ хабар додаанд, дастаи миллии онҳо дар байни ҳамаи дигар дастаҳо ҷавонтарин буда, асосан аз хонандагони синфҳои 8-10 иборат буд, ҳол он ки барандагони ҷоизаҳо аз дигар дастаҳо хонандагони синфҳои 11-12 буданд.

Ба иштирокчии ҷавонтарини олимпиада хонандаи синфи 8-и ЛИТР Ҳотам ва ПВ ҳамагӣ 0.3 хол нарасид, то соҳиби медали биринҷӣ аз фанни физика гардад.

Ҳамаи барандагони ҷоизаҳои олимпиада аз тарафи Донишгоҳи ба номи Назарбоев ва Донишгоҳи миллии Боку барои таҳсили ройгон даъват шуда, ба онҳо аз тарафи донишгоҳҳои мазкур кафолати пардохти тамоми хароҷоташон ҳангоми таҳсил дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.