ВКД доир ба ҷузъиёти ҳалокати мушовири вазири мудофиа дар садамаи нақлиёт

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар сомонаи расмиаш доир ба ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки бар асари он мушовири вазири мудофиа генерал-майор Зариф Шарифзодаи 46-сола ҳалок шуд, маълумот дод. Дар маълумот қайд мешавад, ки бегоҳии 18 январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Умари Хайём бо сабабҳои номаълум ба қафои автомашинаи […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар сомонаи расмиаш доир ба ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки бар асари он мушовири вазири мудофиа генерал-майор Зариф Шарифзодаи 46-сола ҳалок шуд, маълумот дод.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бегоҳии 18 январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Умари Хайём бо сабабҳои номаълум ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдаааст.

«Дар натиҷа автомашина ба қисмати тарафи рости роҳ баромада, дар ҷуйбори обрав қарор мегирад, – омадааст дар маълумот. – Мутаассифона, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ба ҳалокат расидааст».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати мудофиа, фарзияи асосии садама ин аст, ки ҳангоми сари рули автомашина қарор доштани генерал, эҳтимол дилаш аз кор монда, автомашина ба мошини дар пешистода бархӯрдааст.

Генерал-майор Зариф Шарифзода то моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси муовини аввали вазири мудофиа кор мекард. Баъди ба исёни мусаллаҳона даст задани муовини дигари вазир Абдуҳалим Назарзода ва безарар гардонидани гурӯҳи ӯ, ҳамаи муовинони вазири мудофиа, аз ҷумла Шарифзода низ аз мансабҳояшон барканор шуданд. Баъдан ӯ мушовири вазири мудофиа шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.