Тоҷикистон истеҳсоли солонаи сементро то 2 млн. тонна расонид

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии семент истеҳсол шуда, ҷумҳурӣ аллакай пурра талаботи худ ба ин масолеҳи сохтмонро қонеъ ва қисмате аз онро ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода изҳор намуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. тонна семент истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 тақрибан 500 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Вазир қайд кард, ки ба афзоиши назарраси истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон бунёди иқтидорҳои нав дар шаҳри Ваҳдату ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон мусоидат карданд.

Дар афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ Бобозода ҳамчунин саҳми назарраси корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Хуаксин Ғаюр семент», ҶСК «Сементи тоҷик», КМ «Тоҷ Чайна 2013» ва ҶДММ «Моҳир семент»-ро низ таъкид дошт.

«Соли гузашта аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 300 ҳазор тонна семент содирот шуд, – зикр кард ӯ. – Сементи Тоҷикистон асосан ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот шуда, ҳамчунин ба миқдорҳои начандон зиёд ба Русия низ таҳвил гардид».

Қобили зикр аст, ки зимни вохӯрии моҳи октябри соли гузашта бо соҳибкорон ва сармоягузорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна то ба 1,5 млн. тонна расида, соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли он то 2,5 млн. тонна расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...