Тоҷикистон истеҳсоли солонаи сементро то 2 млн. тонна расонид

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии семент истеҳсол шуда, ҷумҳурӣ аллакай пурра талаботи худ ба ин масолеҳи сохтмонро қонеъ ва қисмате аз онро ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунад. Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода изҳор намуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. тонна семент истеҳсол шуда, дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордии семент истеҳсол шуда, ҷумҳурӣ аллакай пурра талаботи худ ба ин масолеҳи сохтмонро қонеъ ва қисмате аз онро ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода изҳор намуд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. тонна семент истеҳсол шуда, дар муқоиса бо соли 2015 тақрибан 500 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Вазир қайд кард, ки ба афзоиши назарраси истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон бунёди иқтидорҳои нав дар шаҳри Ваҳдату ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон мусоидат карданд.

Дар афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ Бобозода ҳамчунин саҳми назарраси корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Хуаксин Ғаюр семент», ҶСК «Сементи тоҷик», КМ «Тоҷ Чайна 2013» ва ҶДММ «Моҳир семент»-ро низ таъкид дошт.

«Соли гузашта аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 300 ҳазор тонна семент содирот шуд, – зикр кард ӯ. – Сементи Тоҷикистон асосан ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот шуда, ҳамчунин ба миқдорҳои начандон зиёд ба Русия низ таҳвил гардид».

Қобили зикр аст, ки зимни вохӯрии моҳи октябри соли гузашта бо соҳибкорон ва сармоягузорон нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки тайи 5 соли ахир ҳаҷми истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз 200 ҳазор тонна то ба 1,5 млн. тонна расида, соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли он то 2,5 млн. тонна расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.