Вазорати адлия намедонад, ки чаро Шуҳрат Қудратов озод нашуд. Пас кӣ медонад?

Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба савол дар бораи сабаби озод нашудани адвокат Шуҳрат Қудратов аз зиндон, ки бояд мувофиқи қонуни авф ба озодӣ мебаромад, посух дода натавонист ва ин ҳам дар ҳолест, ки иҷрои қонуни авф нисбати шахсоне, ки аллакай адои ҷазо мекунанд, ба уҳдаи Вазорати адлия гузошта шудааст.

«Нисбати бо кадом сабабҳо озод нашудани Шуҳрат Қудратов аз маҳбас ман чизе гуфта наметавонам», – изҳор дошт имрӯз ба рӯзноманигорон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод.

Қаблан дар посухи хаттӣ ба дархости «Азия-Плюс» дар ин робита вазир тавсия дода буд, ки ба мақомоти прокуратура муроҷиат карда шавад, ҳарчанд Шуҳрат Қудратов маҳз дар муассисаи ислоҳии Вазорати адлия адои ҷазо мекунад.

«Дар низоми Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон қонуни авф нисбати 9 ҳазору 322 нафар маврид амал қарор гирифт, – гуфт ӯ. – Оид ба татбиқи қонуни авф нисбати шахсони зери тафтишот ё мурофиаи судӣ қарордошта маълумот надорам. Ба Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунед».

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи моддаи 11-и Қонун дар бораи авф, иҷрои қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин ба дӯши Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вогузор мегардад:

– нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;

– нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки  ҳукми суд  нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;

– нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.

Нисбати Шуҳрат Қудратов ҳукм ҳанӯз соли 2015 содир шуда, то замони мавриди амал қарор гирифтани қонуни авф, то анҷоми муҳлати ҷазои ӯ камтар аз ду сол боқӣ монда буд ва бар асоси моддаи 5-и қонуни авф Қудратов бояд ба озодӣ мебаромад.

Моддаи 5-и Қонуни авф

Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбаташон то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61-70, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), моддаҳои 104,  138, 139,  1431, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185-189, 305-310, 313, 328,  моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои  395-405  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум гардидаанд, аз адои ҷазо  озод карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шӯҳрат Қудратов ҳуқуқдони зиндонӣ аз додситони кулл Юсуф Раҳмон талаб кардааст, то нафари таҳти ҳимояташро бар асоси Қонуни афв раҳо кунад.

Раҳматилло Зойиров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба асоси ду моддаи Қонуни афв Шӯҳрат Қудратов бояд дар тирамоҳи соли гузашта, бар асоси афви эълонкардаи раиси ҷумҳур ба муносибати 25-солагии истиқлолияти кишвар, мавриди афв қарор гирифта ва аз зиндон озод мешуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январи соли 2015 суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид  маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Аввали моҳи марти ҳамин сол Суди олии Тоҷикистон аз муҳлати ҷазои адвокат Шуҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам кард. Ӯ ҳамчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ низ уҳдадор шуд.

Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов мебошад, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...