IRS худдорӣ аз сафар тариқи роҳи Душанбе -Чанокро тавсия медиҳад

Asia-Plus

Аз 28 январи соли равон инҷониб бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф, аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок (55 километр), дар якчанд мавзеъ тармафароӣ ба амал омад, ки теъдоди тармаҳо зиёда аз 50 адад буда, баландии ҳар кадомаш зиёда аз 10 метрро ташкил дод.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ, зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори филиали Ширкати «IRS» ба ин қитъа сафарбар шуда, дар заминаи фаъолияти шабонарӯзӣ тармаҳо бартараф ва бо кӯмаки техника ва кормандони «IRS» нақлиёту мусофирони  ба мушкил мувоҷеҳ шуда аз банди барф озод шуданд. 

Ёдрас мешавад, ки имрӯз низ боришоти шадид ва тармафароӣ идома ёфта, дар километрҳои  65 ва 69 тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиётро қатъ намуд. Айни замон техникаҳои пуриқтидор ба макони офат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад.

Дар робита ба ин, «IRS» таъкид менамояд, ки бинобар вазъи кунунии роҳ шаҳрвандон муваққатан аз сафар тариқи роҳи мазкур худдорӣ намоянд.

Маълумоти бештар дар ин мавзӯъро аз сомонаи расмии ширкат бо суроғаи www.irs.tj дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...