IRS худдорӣ аз сафар тариқи роҳи Душанбе -Чанокро тавсия медиҳад

Аз 28 январи соли равон инҷониб бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф, аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок (55 километр), дар якчанд мавзеъ тармафароӣ ба амал омад, ки теъдоди тармаҳо зиёда аз 50 адад буда, баландии ҳар кадомаш зиёда аз 10 метрро ташкил дод. Бино ба маълумоти маркази матбуоти филиали Ширкати […]

Аз 28 январи соли равон инҷониб бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф, аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе – Чанок (55 километр), дар якчанд мавзеъ тармафароӣ ба амал омад, ки теъдоди тармаҳо зиёда аз 50 адад буда, баландии ҳар кадомаш зиёда аз 10 метрро ташкил дод.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ, зиёда аз 30 техникаи пуриқтидори филиали Ширкати «IRS» ба ин қитъа сафарбар шуда, дар заминаи фаъолияти шабонарӯзӣ тармаҳо бартараф ва бо кӯмаки техника ва кормандони «IRS» нақлиёту мусофирони  ба мушкил мувоҷеҳ шуда аз банди барф озод шуданд. 

Ёдрас мешавад, ки имрӯз низ боришоти шадид ва тармафароӣ идома ёфта, дар километрҳои  65 ва 69 тармаҳои калонҳаҷм фаромада, ҳаракати нақлиётро қатъ намуд. Айни замон техникаҳои пуриқтидор ба макони офат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад.

Дар робита ба ин, «IRS» таъкид менамояд, ки бинобар вазъи кунунии роҳ шаҳрвандон муваққатан аз сафар тариқи роҳи мазкур худдорӣ намоянд.

Маълумоти бештар дар ин мавзӯъро аз сомонаи расмии ширкат бо суроғаи www.irs.tj дарёфт карда метавонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.