Рӯзҳои истироҳат дар роҳҳо 10 кас ҳалок шуд

Asia-Plus

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи спаришуда рух доданд, 10 нафар ба ҳалкоат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи 29 январ дар ағбаи Фахрободи роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа рух дод, худи ронанда ва мусофиронаш: чор нафар ҷавонони аз 26 то 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, рӯзи 28-уми январ бар асари ба ҳамдигар бархӯрдани автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” бо автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” дар шаҳри Конибодом ронандаҳои ҳар ду автомашина марди 48-солаи сокини ноҳияи Исфара ва марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони автомашинаҳо: ду нафар ҷавондухтари 20-солаи сокинони шаҳри Исфара, марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом, марди 56-сола ва зани 46-солаи сокинони шаҳри Исфара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Шоми ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 21-солаи сокини шаҳри Сарбанд ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 24-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 21-солаи сокини ноҳияи Данғара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи «Опел-Астра» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 29-уми январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, марди 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Ромит ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Чӯянгарон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур марди 24-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...