«Ямал» парвозҳо ба Тоҷикистонро аз охири моҳи март оғоз мекунад

Ширкати русиягии «Ямал» аз охири моҳи марти соли равон ба парвозҳои ҳавопаймоҳояш ба Тоҷикистон оғоз карда метавонад. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ […]

Ширкати русиягии «Ямал» аз охири моҳи марти соли равон ба парвозҳои ҳавопаймоҳояш ба Тоҷикистон оғоз карда метавонад.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи ҳамкории минбаъдаи кишварҳо дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ баррасӣ шудааст.

Ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон ба таъини ширкати дуюми ҳавопаймоӣ барои парвоз ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав шурӯъ аз мавсими тобистон, ки охири моҳи март оғоз мегардад, розӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ганҷалзода таъкид дошт, ки ширкати ҳавопаймоии «Ямал» парвозҳо ба Тоҷикистонро дар сурате амалӣ карда метавонад, ки агар дар ин самт мусофирон кофӣ бошанд ва таъини ширкати дуюми ҳавопаймоӣ аз ҷониби Русия ба талаботи мусофирон вобаста аст.

Дар Вазорати нақлиёт қайд карданд, ки бино ба тавофуқҳои ҳосилшуда, алҳол тариқи фурудгоҳи Жуковский танҳо ду ширкат – «Тоҷик Эйр» ва «Уралские авиалинии» парвозҳо анҷом дода метавонанд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи маҳудиятҳои қаблан нисбати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷоришуда бекор шуда, аз 3 феврал ширкат метавонад парвозҳо ба чор шаҳри Русия – Иркутск, Краснодар, Оренбург ва Красноярскро дубора барқарор намояд.

Қобили зикр аст, ки аз 22 декабри соли 2016 ба ҷуз шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскав, парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба дигар шаҳрҳои Русия мутаваққиф шуданд.

Ин тасмими ҷониби Русия ба он вобаста буд, ки мақомоти Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» аз фурудгоҳи Жукрвский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надода, аз гуфтушуниди онвақтаи ҷонибҳо дар ин хусус натиҷае ҳосил нашуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.