Аз овезаҳои ғайритоҷикӣ ба буҷет 45 ҳазор сомонӣ ворид шуд

Соли 2016 барои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ дар Тоҷикистон 69 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, ҳаҷми умумии ҷаримаҳои онҳо 45 ҳазору 660 сомониро ташкил додааст. Ба қавли раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, соли гузашта 78 номи корхонаву муассисаҳо, нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хизматгузорӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, аз рӯи […]

Соли 2016 барои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ дар Тоҷикистон 69 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, ҳаҷми умумии ҷаримаҳои онҳо 45 ҳазору 660 сомониро ташкил додааст.

Ба қавли раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, соли гузашта 78 номи корхонаву муассисаҳо, нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хизматгузорӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои санҷиш онҳо мувофиқи қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ҷаримабандӣ ё огоҳ карда шудаанд.

«Ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ 800 сомонӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ 1600 сомониро ташкил медиҳад, – гуфт ӯ дар ин робита. – Фурӯшгоҳи «ASUS», маҷмааи солимии «SPA Ҳаёт», «Рекламная газета» ва ҳатто шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб миёни ҷаримашудагон ҳузур доранд».

Зимнан зикр гардид, ки дар назди Кумита комиссияи махсусе амал дорад, ки мунтазам маводи нашршуда дар ВАО-и чопӣ ва электронӣ, барномаҳои телевизиону радио дар мавриди риояи меъёрҳои забони тоҷикиро пайгирӣ мекунад ва дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ журналистон ҳам ҷарима мешаванд.

«Ин масъала мавриди баррасии Кумита қарор дорад ва ояндаи наздик мо доир ба он муфассалтар маълумот хоҳем дод», – посух дод Шарофзода ба савол дар бораи мисолҳои мушаххас дар ин маврид.

Раиси Кумита зикр кард, ки айни замон ҳудуди 200 нафар олимони забоншинос, ки 40 нафарашон аъзои комиссияи коршиносон оид ба забони давлатӣ мебошанд, бо Кумита ҳамкорӣ доранд ва соли гузашта Рӯйхати ягонаи номҳои миллии тоҷикиро таҳия намудаанд, ки бар асоси он ояндаи наздик «Фарҳанги тафсири номҳои миллии тоҷикӣ» (ҷудогона барои писарону духтарон) нашр мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.