Дастгирии Tcell аз варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона

Иттилоияи расмӣ

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 29 январ маросими ифтитоҳи 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Универсиада се варзишгар муаррифӣ мекунанд, ки дар намуди варзиши лижаронии куҳӣ қуваозмоӣ хоҳанд кард.   

Tcell барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки иборат аз се варзишгар ва се мураббӣ аст, иртиботи ройгон бо Ватан ва либосҳои варзишӣ фароҳам кард.

Универсиада – ин мусобиқаи байналмиллалӣ миёни донишҷӯён аст, ки ҳар ду сол дар бахши варзиши зимистона ва тобистона баргузор мешавад. Мусобиқаи варзишие, ки рузи якшанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд то 8 феврал идома хоҳад кард. Шарики расмии Универсиада ширкати ҳамтои Tcell дар Қазоқистон –  Kcell мебошад.

Дар сабқати зимистона 2 ҳазор варзишгар аз 55 кишвар, аз синни 17 то 28 сола иштирок мекунанд.  Дар чаҳорчуби 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона аз руи 12 намуди варзишӣ мусобиқаҳо баргузор мешаванд: биатлон, лижаронии куҳӣ, керлинг, конкисавории босуръат, лижаронии скандинавии омехта, мусобиқаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз баландӣ, сноуборд, рақси руи ях, фристайл, хоккей ва шорт-трек.

Ҳарсе варзишгаре, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд аз рӯи варзиши лижаронии куҳӣ, ки аз 4-ум то 7-уми феврал баргузор мешавад, қуваозмоӣ хоҳанд кард. Пеш аз сафари варзишгарон ба мусобиқа дирекори генералии Tcell, Миндаугас Убартас бо онҳо мулоқот карда, ҷиҳати иштирок шодбош гуфт ва барояшон пирузӣ таманно кард. Барои дастаи мунтахабамон либосҳои варзишӣ ва сим-корт барои иртиботи ройгон бо Ватан тақдим карда шуд.  

Дар кори ҳамаруза ширктаи Tcell, ба унвони як ширктаи пешрафта дар бозори телекоммуникатсия, барои тавсеаи шабака кушиш ба харҷ дода, тахнлогияҳои навинро роҳандозӣ мекунад ва сатҳи хизматрасониро барои  фароҳам овардани шароити хуб ба мизоҷон баланд мебардорад. Tcell, ҳамчун як ширкати масъулиятшиносу иҷтимоӣ барномаҳои варзиширо дастгирӣ карда тарзи, ҳаёти солимро тарғиб мекунад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...