Дастгирии Tcell аз варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 29 январ маросими ифтитоҳи 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Универсиада се варзишгар муаррифӣ мекунанд, ки дар намуди варзиши лижаронии куҳӣ қуваозмоӣ хоҳанд кард.    Tcell барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки иборат аз се варзишгар ва се мураббӣ аст, иртиботи ройгон бо Ватан ва либосҳои варзишӣ […]

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 29 январ маросими ифтитоҳи 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Универсиада се варзишгар муаррифӣ мекунанд, ки дар намуди варзиши лижаронии куҳӣ қуваозмоӣ хоҳанд кард.   

Tcell барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки иборат аз се варзишгар ва се мураббӣ аст, иртиботи ройгон бо Ватан ва либосҳои варзишӣ фароҳам кард.

Универсиада – ин мусобиқаи байналмиллалӣ миёни донишҷӯён аст, ки ҳар ду сол дар бахши варзиши зимистона ва тобистона баргузор мешавад. Мусобиқаи варзишие, ки рузи якшанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд то 8 феврал идома хоҳад кард. Шарики расмии Универсиада ширкати ҳамтои Tcell дар Қазоқистон –  Kcell мебошад.

Дар сабқати зимистона 2 ҳазор варзишгар аз 55 кишвар, аз синни 17 то 28 сола иштирок мекунанд.  Дар чаҳорчуби 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона аз руи 12 намуди варзишӣ мусобиқаҳо баргузор мешаванд: биатлон, лижаронии куҳӣ, керлинг, конкисавории босуръат, лижаронии скандинавии омехта, мусобиқаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз баландӣ, сноуборд, рақси руи ях, фристайл, хоккей ва шорт-трек.

Ҳарсе варзишгаре, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд аз рӯи варзиши лижаронии куҳӣ, ки аз 4-ум то 7-уми феврал баргузор мешавад, қуваозмоӣ хоҳанд кард. Пеш аз сафари варзишгарон ба мусобиқа дирекори генералии Tcell, Миндаугас Убартас бо онҳо мулоқот карда, ҷиҳати иштирок шодбош гуфт ва барояшон пирузӣ таманно кард. Барои дастаи мунтахабамон либосҳои варзишӣ ва сим-корт барои иртиботи ройгон бо Ватан тақдим карда шуд.  

Дар кори ҳамаруза ширктаи Tcell, ба унвони як ширктаи пешрафта дар бозори телекоммуникатсия, барои тавсеаи шабака кушиш ба харҷ дода, тахнлогияҳои навинро роҳандозӣ мекунад ва сатҳи хизматрасониро барои  фароҳам овардани шароити хуб ба мизоҷон баланд мебардорад. Tcell, ҳамчун як ширкати масъулиятшиносу иҷтимоӣ барномаҳои варзиширо дастгирӣ карда тарзи, ҳаёти солимро тарғиб мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.