Собиқ корхонаи дӯзандагии Фирташ ба фурӯш намеравад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои корхонаи дӯзандагии «Гулистон, Душанбе», ки қаблан ба сарватманди украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, харидор ёфта наметавонад. Нархи аввалияи бастаи пурраи саҳмияҳои корхона 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) арзёбӣ мешавад.

«Корхона ду маротиба – моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуд, вале харидорони имконпазир таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинзода.

Ӯ хотиррасон намуд, ки моҳи апрели соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузашт. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии корхона қонеъ намуд. Сипас корхона аз ҶСП «Гулистон» ва ҶСК «Гулистон Душанбе» табдили ном кард.

«Корхона аз баъзе субъектҳо қарзҳои зиёд дошт, аз ҷумла ба БДА «Амонатбонк» ва ҶСП «Фононбонк» қарздор буд, – иброз дошт Наҷмиддинзода. – Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ҳамаи ин қарзҳо ҳамроҳ бо корхона ба ихтиёри давлат гузаштанд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон низ ҷустуҷӯи харидорони имконпазир барои фурӯши ин корхона идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Гулистон» қаблан ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ (95%-и саҳмияҳо) ва Хайрулло Саидов (5%-и саҳмияҳо), писари собиқ вазири саноат Зайд Саидов тааллуқ дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...