Собиқ корхонаи дӯзандагии Фирташ ба фурӯш намеравад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои корхонаи дӯзандагии «Гулистон, Душанбе», ки қаблан ба сарватманди украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, харидор ёфта наметавонад. Нархи аввалияи бастаи пурраи саҳмияҳои корхона 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) арзёбӣ мешавад. «Корхона ду маротиба – моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба […]

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон барои корхонаи дӯзандагии «Гулистон, Душанбе», ки қаблан ба сарватманди украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, харидор ёфта наметавонад. Нархи аввалияи бастаи пурраи саҳмияҳои корхона 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) арзёбӣ мешавад.

«Корхона ду маротиба – моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуд, вале харидорони имконпазир таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», – гуфт ба «Азия-Плюс» дар ин робита муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинзода.

Ӯ хотиррасон намуд, ки моҳи апрели соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузашт. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии корхона қонеъ намуд. Сипас корхона аз ҶСП «Гулистон» ва ҶСК «Гулистон Душанбе» табдили ном кард.

«Корхона аз баъзе субъектҳо қарзҳои зиёд дошт, аз ҷумла ба БДА «Амонатбонк» ва ҶСП «Фононбонк» қарздор буд, – иброз дошт Наҷмиддинзода. – Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ҳамаи ин қарзҳо ҳамроҳ бо корхона ба ихтиёри давлат гузаштанд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон низ ҷустуҷӯи харидорони имконпазир барои фурӯши ин корхона идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Гулистон» қаблан ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ (95%-и саҳмияҳо) ва Хайрулло Саидов (5%-и саҳмияҳо), писари собиқ вазири саноат Зайд Саидов тааллуқ дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.