Амалишавии тадбирҳои зарурӣ дар сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ширкати «Салини Импреҷило» ҳамчун ширкати боэътимод ва пешрафтаи байналмилалӣ, ки дар сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун иштирок менамояд, барои иҷрои корҳои лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда, камбудию мушкилоти ҷойдошта дар ин самт саривақт бартараф карда мешавад.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои марбут ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун ва ҷалби ин корпоратсияи байналмилалии сохтмонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории Тоҷикистон муҳокима гардид.

Қобили зикр аст, ки ширкати итолиёвии Salini Impregilo муддати 13 сол сохтмони нерӯгоҳи Роғунро пурра ба анҷом мерасонад. Барои иҷрои ин корҳо ба ширкат 3,9 млрд. доллари ИМА маблағ дода мешавад.

Дар маҷаллаи ширкат дар ин робита зикр шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун солҳои зиёд лозим буда, ширкат аллакай корҳои бунёди сарбандиву гиливу хокии нерӯгоҳ бо баландии 335 метрро оғоз кардааст ва барои сохтмони иншооти мазкур 1,95 млрд. доллари ИМА равона мегардад.

Дар Salini Impregilo таъкид месозанд, ки барои комилан амалисозии лоиҳа, яъне ба истифода додани ҳамаи 6 агрегати нерӯгоҳ, аллакай соли 2018 истеҳсоли нерӯи барқ дар ду агрегат ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ин ду агрегат сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳ идома ёфта, барои анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳ 13 сол вақт зарур аст.

«Мавриди амал қарор гирифтани як қисмати лоиҳа қадами нахуст дар ҷараёни сохтмони тӯлонӣ буда, ба бунёди яке аз нерӯгоҳҳои бузургтарини барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори муқарраршудаи 3600 МВт – баробари ҳаҷми истеҳсоли 3 нерӯгоҳи атомӣ имкон фароҳам меоварад», – қайд мешавад дар маълумоти Salini Impregilo.

Зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш президенти Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир, яъне нерӯгоҳи «Роғун» ки барои Тоҷикистон тақдирсоз аст, аз лиҳози техникиву муҳандисӣ ва молиявӣ тартибу усули махсусро талаб менамояд. «Бинобар ин, таъкид месозам, ки бунёди нерӯгоҳи «Роғун» кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест», – гуфта буд сарвари давлат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...