Тоҷикистон барои дастгирӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ бо интишори як муроҷиатнома аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дархост намудааст, ки дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ Тоҷикистонро дастгирӣ ва кумак намоянд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар муроҷиатнома қайд шудааст, ки барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир талафоти ҷонӣ дар пай дошта, дар натиҷа бархе аз роҳҳои […]

Радиои Озодӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ бо интишори як муроҷиатнома аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дархост намудааст, ки дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ Тоҷикистонро дастгирӣ ва кумак намоянд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар муроҷиатнома қайд шудааст, ки барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир талафоти ҷонӣ дар пай дошта, дар натиҷа бархе аз роҳҳои иртиботӣ баста шудаанд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ чораандешӣ карда, якҷо бо ширкати IRS роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқро боз кардааст. Бо ин вуҷуд, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки рафъи комили оқибатҳои ин барфрезии шадид, харҷи маблағҳоеро тақозо мекунад.

Ба ин далел, вазорати умури хориҷӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ бо “дарназардошти таҷрибаи ҳамкорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ дар Тоҷикистон кӯмакҳои муваққатии худро ироа хоҳанд кард.”

Вазорати умури хориҷӣ бо такя ба омори Маркази ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар пайи барфрезиҳои шадиди рӯзҳои ахир меъёри боридани барф дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон то 170 дарсад бештар аз нишондодҳои солҳои гузашта будааст. Захираи қабатҳои барфӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 168 дарсад аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Зарафшон 322 дарсад, Вахш 148% ва дар саргаҳи рӯдхонаи Панҷ 156 фисадро ташкил додааст.

Ҳамзамон гуфта шудаааст, ки тибқи пешгӯии маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар моҳи феврал боришот бештар аз меъёр хоҳад буд. Чунин вазъ, ба сар задани ҳодисаҳои дигари фавқулоддаи табиӣ дар тамоми фасли зиминстон сабаб хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.