«Барқи тоҷик» сабаби қатъи сартосарии барқро шарҳ дод

Садамаи бузургмиқёси рӯзи 28 октябри соли гузашта дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ бар асари нуқсон ва аз кор мондани Истгоҳи автоматии зиддисадамавӣ дар шаҳри Турсунзода рух додааст. «Дар яке аз таҷҳизоти зеристгоҳи «Регар-500 кВ» ҳолати ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омада, нуқсон дар низоми автоматии зиддисадамавӣ ба кори муназзами нерӯгоҳи Норак таъсир расонид ва дар натиҷа интиқоли барқ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Садамаи бузургмиқёси рӯзи 28 октябри соли гузашта дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ бар асари нуқсон ва аз кор мондани Истгоҳи автоматии зиддисадамавӣ дар шаҳри Турсунзода рух додааст.

«Дар яке аз таҷҳизоти зеристгоҳи «Регар-500 кВ» ҳолати ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омада, нуқсон дар низоми автоматии зиддисадамавӣ ба кори муназзами нерӯгоҳи Норак таъсир расонид ва дар натиҷа интиқоли барқ муваққатан қатъ шуд», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Исмоилзода қайд кард, ки рӯзи дигари садама комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки ба ошкор кардани сабабҳои он пардохта, аз ҷониби ширкат ҷиҳати минбаъд такрор нашудани чунин ҳодисаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Раиси ширкат таъкид дошт, ки дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гурӯҳи корие амал мекунад, ки то ҳол ба муайян кардани ҳаҷми зиёни расида аз ин садама ба иқтисоди кишвар машғул аст.

Дар ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки рух додани ҳодисаҳои садама дар низоми энергетикӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи маъмул аст, зеро дар ин низом мунтазам нерӯӣ барқ истеҳсол ва интиқол дода мешавад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 24 январ дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ин робита хабар дода буд, ки комиссияи ҳукумат то ҳол ба ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида бар асари садамаи бузаргмиқёс дар шабакаҳои барқи Тоҷикистон машғул аст.

«Садама шомгоҳон рух дода, дар ин вақт аксари корхонаҳои ҷумҳурӣ кор намекарданд, – иброз дошт вазир. – Аз ин садама шояд ба «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) зиёни зиёд расида бошад, зеро он шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Ин ширкат маълумоти худ дар ин хусусро пешниҳод карда, гурӯҳи корӣ онро омӯхта истодааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.