«Барқи тоҷик» сабаби қатъи сартосарии барқро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Садамаи бузургмиқёси рӯзи 28 октябри соли гузашта дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ бар асари нуқсон ва аз кор мондани Истгоҳи автоматии зиддисадамавӣ дар шаҳри Турсунзода рух додааст.

«Дар яке аз таҷҳизоти зеристгоҳи «Регар-500 кВ» ҳолати ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омада, нуқсон дар низоми автоматии зиддисадамавӣ ба кори муназзами нерӯгоҳи Норак таъсир расонид ва дар натиҷа интиқоли барқ муваққатан қатъ шуд», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Исмоилзода қайд кард, ки рӯзи дигари садама комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки ба ошкор кардани сабабҳои он пардохта, аз ҷониби ширкат ҷиҳати минбаъд такрор нашудани чунин ҳодисаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Раиси ширкат таъкид дошт, ки дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гурӯҳи корие амал мекунад, ки то ҳол ба муайян кардани ҳаҷми зиёни расида аз ин садама ба иқтисоди кишвар машғул аст.

Дар ширкат ҳамчунин зикр карданд, ки рух додани ҳодисаҳои садама дар низоми энергетикӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи маъмул аст, зеро дар ин низом мунтазам нерӯӣ барқ истеҳсол ва интиқол дода мешавад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 24 январ дар Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ин робита хабар дода буд, ки комиссияи ҳукумат то ҳол ба ҳисобу китоби ҳаҷми зарари расида бар асари садамаи бузаргмиқёс дар шабакаҳои барқи Тоҷикистон машғул аст.

«Садама шомгоҳон рух дода, дар ин вақт аксари корхонаҳои ҷумҳурӣ кор намекарданд, – иброз дошт вазир. – Аз ин садама шояд ба «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) зиёни зиёд расида бошад, зеро он шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Ин ширкат маълумоти худ дар ин хусусро пешниҳод карда, гурӯҳи корӣ онро омӯхта истодааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.