Оғози фурӯши билетҳо ба хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд

Asia-Plus

Фурӯши билетҳои хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад, аллакай оғоз гардид.

Тавре аз ширкати «Сомон Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, билетҳоро танҳо дар сурати доштани раводид ба Ӯзбекистон метавон дастрас намуд. Арзиши билетҳо аз Душанбе ба Тошканд аз 177 евро сар мешавад.

Барои расидагии бештар ба ин масъала ба фурӯшгоҳи билетҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» занг зада, воқиф гардидем, ки билет ба самти Тошкандро танҳо бо раводид гирифтан имкон дорад.

Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ нархи билети хатсайри Душанбе – Тошканд 177 евро нишон дода шудааст, ки тибқи қурби ҳозира 1 ҳазору 503 сомониро ташкил медиҳад. Дар фурӯшгоҳҳо низ ин нархро тасдиқ карданд.

Нархи билет аз Душанбе ба Тошканд 202-222 евро зикр шудааст. Худи ширкати авопаймо нархоро ба е гунае шарҳ намедиҳад.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки рӯзи 10 феврал бо иштироки ҳайати сохтори авиатсионии ҷумҳурӣ ба пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд парвози озмоишӣ анҷом доданист.

Роҳандозии парвози мунтазам тариқи хатсайри Душанбе – Тошканд аз 20 феврал дар назар аст.

Вақти эҳтимолии парвоз аз Душанбе – соати 10-00 ва аз Тошканд соати 12-00 пешбинӣ мешавад. Вақти парвоз 45 дақиқа аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...