Агентӣ: таъини Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт қонунӣ аст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дар таъини Рустами Эмомалӣ, писари президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе меъёрҳои қонунгузорӣ вайрон нашудааст.

«Таъини Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси пойтахт идомаи сиёсати ҷавонсозии кадрҳо дар сохтори давлатист, ки тайи чандин сол дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст», – иброз дошт ба журналистон роҳбари Агентии хизмати давлатии ҶТ Ҷумъа Давлатов.

Ӯ таъкид намуд, ки раисони шаҳру навоҳӣ давоми иҷрои уҳдадориҳои мансабиашон мустақиман ба нахуствазири кишвар тобеъанд ва «ғайр аз ин, ҳеҷ кас манъ карда наметавонад, ки фарзандони президент вазифаҳои баланд дар сохторҳои давлатиро ишғол намоянд».

Номбурда ҳамчунин хотиррасон кард, ки Рустами Эмомалӣ се маълумоти олӣ дорад, ки барои ишғоли вазифаи хизматчии давлатӣ барзиёд кофӣ аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба 3 ҳазору 867 ҷойҳои кории холии давлатӣ беш аз 5,5 ҳазор нафар довталабӣ карда, вале ба ҷойҳои корӣ дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хоҳишмандон начандон зиёд буда, ба 734 вазифа ҳеҷ кас ариза надодааст, ки ба андешаи Давлатов, ин ҳолат дар натиҷаи хунукназарии хадамотиҳои кадрии худи ҳокимияти маҳалҳо ба вуҷуд омадааст.

«Ба андешаи он, ки одамон ба баъзе сохторҳои давлатӣ барои музди меҳнати паст ба кор намераванд, розӣ нестам, – қайд кард ӯ. – Соли 2000 музди меҳнати миёнаи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 23 сомонӣ дар як моҳро ташкил медод, соли гузашта бошад, ба беш аз 1 ҳазор сомонӣ расид».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.