Рекорди ҷаҳонӣ: парвози 16-соатаи бидуни таваққуфи ҳавопаймои Qatar Airways

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати Qatar Airways аз рӯи муддати парвози бидуни таваққуф бо мусофирон дар дохилаш рекорди ҷаҳонӣ гузошт.

Фосилаи вақти парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри Давҳа (Қатар) – Окленд (Зеландияи Нав) каме бештар аз 16 соатро ташкил дода, дар ин муддат ҳавопаймо 14 ҳазору 535 километр ва 6 минтақаи соатиро тай намуд.

Бино ба иттилои «Медуза» бо истинод ба The New Zealand Herald, ҳавопаймои мазкур 15 дақиқа барвақттар аз муҳлати пешбинишуда ба фурудгоҳи Окленд нишаста, хатсайр тавассути ҳавопаймои навъи Boeing 777 анҷом дода шудааст, ки 249 нафар муссофиронро дар дохилаш гирифта метавонад.

Гуфта мешавад, парвози бозгашт аз Окленд ба Давҳа ба иллати суръати шиддатноки шамоли рӯ ба рӯ метавонад беш аз 17 соатро ташкил диҳад.

«Тӯли парвоз (тариқи хатсайри Давҳа – Окленд – Давҳа) ба мусофирон ҳудуди 1 ҳазору 100 пиёла чойу қаҳва, 2 ҳазор пиёла нӯшокиҳои ташнашикан ва 1036 зарфҳои маҷмӯаи ғизо пешкаш карда мешавад», – менависад нашрияи The New Zealand Herald.

Рекорди пешини парвози тӯлонитарини бидуни таваққуфи ҳавопаймои мусофирбар ба ширкати Emirates тааллуқ дошт, ки парвозҳо ба Окленд аз фурудгоҳи Дубайро анҷом медод ва фосилаи вақти ин парвоз наздики 15 соатро дар бар мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, аллакай соли 2018 ширкатҳои ҳавопаймоии Сингапур бо оғози парвозҳо тавассути хатсайри Сингапур – Ню-Йорк аз рекорди Qatar Airways пеш гузаштанианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...