Имзои 8 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қатар

Asia-Plus

Зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва дидору гуфтушуниди ӯ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва музокироти сатҳи олии ҳайати ҳукуматҳои ҷонибҳо миёни кишварҳо 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки муносиботи гуногунҷанба бо Давлати Қатар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад ва барои рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва амният санадҳои нав омода шудааст.

Таъкид гардид, ки барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон шароиту имкониятҳои зиёди мусоид мавҷуд аст ва татбиқи лоиҳаҳои он барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.

Дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби Қатар метавонад ба рушду густариши бештари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон тавассути дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои хурду миёна, маблағгузории лоиҳаҳои энергетикиву обии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ, аз қабили сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, ба роҳ мондани парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва содироти он ба Давлати Қатар, ҳамчунин фароҳамсозии шароити мусоид барои содироти оби хушсифати нӯшокии кишвари мо ба давлати худ фаъолона иштирок намояд.

Ҳар ду ҷониб рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоиро аз имконоти дигари густариши муносибатҳо маънидод карданд. Пешниҳод гардид, ки як гуруҳи муштарак барои таҳияи стратегияи ҳамкорӣ дар бахши саёҳат таъсис дода шавад. Ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар бошад, иқдоми муассире дар самти тавсеаи имкониятҳои рафтуомади саёҳон хоҳад шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварда, ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои вохурӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният;

– Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар;

– Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ;

– Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...