Натиҷаи санҷиш дар мактабҳо: 1 «аълохон» ва 720 «духон»

Ҳудуди 80%-и хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, ки дар санҷиши навиштани иншои хурд – эссе иштирок карданд, аз имтиҳон нагузаштанд. Ба гуфтаи директори Маркази милллии тестии ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ, дар санҷиши тирамоҳи соли 2016 толибилмони синфиҳои 11-и мактабҳои шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисор ширкат варзида, тибқи нишондиҳандаҳо шумори холи аз ҳама зиёдтар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳудуди 80%-и хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон, ки дар санҷиши навиштани иншои хурд – эссе иштирок карданд, аз имтиҳон нагузаштанд.

Ба гуфтаи директори Маркази милллии тестии ҷумҳурӣ Хуршед Икромӣ, дар санҷиши тирамоҳи соли 2016 толибилмони синфиҳои 11-и мактабҳои шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисор ширкат варзида, тибқи нишондиҳандаҳо шумори холи аз ҳама зиёдтар барои навиштани иншо 24 балл муқаррар шуда буд.

«Аз 916 нафар иштиркочиён 720 нафар (ҳудуди 80%) камтар аз нисфи ин нишондиҳандаро ба даст оварда, танҳо 1 нафар ба 24 балл ва боз 2 хонандаи дигар ба 23 балл оҳиб шуданд, – иброз дошт ӯ. – Ба ҳисоби миёна иштирокчиёни санҷиш 8-9 баллӣ ба даст оварда, 36 нафар умуман ягон балл ба даст оварда натавонистанд».

Зикр гардид, ки Маркази миллии тестӣ ҷиҳатикумак ба хонандагону омӯзгорон барои омодагиии беҳтар ба тестҳои имтиҳонии соли 2018, ки дар он барои ҳамаи довталабон сарфи назар аз забони таҳсил, навиштани иншои хурд ҳатмӣ мешавад, дастурҳои методӣ таҳия кардааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.