Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Ҷаласаи аввали Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси нави пойтахт Рустами Эмомалӣ доир мегардад; – Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор, Тоҷикистон) ва «Шоҳин Асмоӣ» (Кобул, Афғонистон) бозии ҷавобии марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), […]

Asia-Plus

АНОНС

– Ҷаласаи аввали Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси нави пойтахт Рустами Эмомалӣ доир мегардад;

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор, Тоҷикистон) ва «Шоҳин Асмоӣ» (Кобул, Афғонистон) бозии ҷавобии марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9023 сомонӣ;

1 евро – 8.4863 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1310 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Зимни дар Миср қарор доштан президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳри Нораки Тоҷикистон ва Асвони Миср бародаршаҳр эълон шаванд.

2008 — Президенти Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи интиқодӣ ва таҳлилии васоити ахбори умум» фармон ба имзо расонид.

2010 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Фаррух Қосимов дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

2014 — Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Сочи ба масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нуқта гузоштанд.

1910 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, коргардон Миркарим Саидов.

1988 – Мавлуди Нозияи Кароматулло, сарояндаи тоҷик.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -11-16, рӯзона 0-5; дар шарқ шабона -25-30, рӯзона -9-14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -6-11, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -12-17, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман. 

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -1-3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.