Писари пешвои ҲИӮ ҷавонони афғонро ба ДИ ҷалб мекунад

Писари собиқ пешвои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ҷавонони афғонро ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ҷалб мекунад, ки ба нигаронии зиёди ҳукуматдорони Афғонистон боис шудааст. Писари собиқ пешвои ҲИӮ дар музофоти Сари Пул, қисмати шимолу ғарби Афғонистон ба мушоҳида расида, ба ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба сафи созмони фаъолияташ дар бисёр кишварҳо манъи «Давлати исломӣ» […]

Asia-Plus

Писари собиқ пешвои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ҷавонони афғонро ба сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ҷалб мекунад, ки ба нигаронии зиёди ҳукуматдорони Афғонистон боис шудааст.

Писари собиқ пешвои ҲИӮ дар музофоти Сари Пул, қисмати шимолу ғарби Афғонистон ба мушоҳида расида, ба ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба сафи созмони фаъолияташ дар бисёр кишварҳо манъи «Давлати исломӣ» ҷалб кардааст. Дар ин бора хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Tolo News иттилоъ медиҳад.

«Маркази Гумилёв» иттилоъ медиҳад, ки раси вилоят Муҳаммад Зоҳир Ваҳдат гуфтааст, писари Тоҳир Юлдошев чанде қабл дар як қатор деҳоти вулусволиҳои Сайёд ва Қоштеппа қарор дошта, сипас ин қаламравро тарк кардааст, вале ин хабар тасдиқ нашудааст.   

Номи писари Тоҳир Юлдошев оварда намешавад, дар бораи ӯ қариб чизе маълум нест. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, ӯ аввали солҳои 1990 дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1993 пешвои фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи ҲИӮ ҳамроҳ бо фарзандону оила ва наздиткону пайвандонаш ба Афғонистон фирор кард. Минбаъд онҳо ва ҷонибдоронашон Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро таъсис дода, соли 2014, аллакай баъди марги Тоҳир Юлдошев (соли 2009) ҲИӮ аз пайвастанаш ба Давлати исломӣ хабар дод.

Волии Сарипул аз вазъи амниятӣ нигаронӣ изҳор намуда, гуфтааст, террористон дар мавзеи Кӯҳистонот амал дошта, ва дар он ҷо таъҷилан мебояд амалиёти бузургмиқёсро роҳандозӣ намуд. Аз шумори саҳеҳи гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ ӯ маълумот дар даст надоштааст, вале он беш аз 4 ҳазорн афарро ташкил медодааст. Миёни онҳо ҳам аъзои Толибону ҳам намояндагони Давлати исломӣ ҳузур доштаанд.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилояти Сарипул Муҳаммад Нур Раҳмонӣ, пойгоҳи асосии ҷангиёни Давлати исломӣ дар мавзеи Шоҳтути вулусволии Сайёд воқеъ буда, урдӯгоҳҳои тамринии толибон дар қаламрави вулусволиҳои Кӯҳистонот, Сузма ва деҳоти Лаки дар маркази вилояти Сарипул қарор доштааст.

Тибқи маълумоти Раҳмонӣ, дар Сари Пул ҳудуди 3 ҳазор нафар ҷангиёни гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ ҳузур дошта, ба онҳо генерали мустаъфии покистонӣ Шайх Нидо Муҳаммад Надим роҳбарӣ мекуардааст. Мураббиёни ин ҷангиён шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, ки сокинони маҳаллӣ аксаран забони онҳоро намефаҳмидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.