Ниёзи «Тоҷик Эйр» ба дастгирии давлат ҷиҳати барқарор кардани парвозҳо ба Хоруғ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаъолона ба корҳои барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе идома медиҳад, вале баҳри расидан ба ин мақсад барои ширкат имтиёзҳо ба хатсайрҳои дохилӣ зарур аст.

«Мо имрӯз баҳри барқарор кардани ин хатсайр ҳамаҷониба талош дорем ва сарфи назар аз мушкилоти молии мавҷуда, тамоми имконоти ба мо вобастаро истифода карда истодаем, то ки мусофирон тариқи ин хатсайр парвоз карда тавонанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ташхиси техникӣ барои дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймои Ан-28, ки парвоз тавассути ин хатсайрро анҷом медиҳад, дархостҳои зарурӣ ирсол шудааст.

Ғайр аз ин, қайд кард Хайруллоев, «Тоҷик Эйр» барои иҷрои парвоз тариқи ин хатсайр, ки фоидаовар нест, ба имтиёзҳо аз ҷониби сохторҳое чун фурудгоҳ, аэронавигатсия ва хадамоти таъминот бо сӯзишворӣ эҳтиёҷманд аст.

«Бо мақсади мусоидат ба барқарор шудани ин хатсайр ва маҳз ба «Тоҷик Эйр» додани имтиёзҳои муқарраршуда барои анҷоми парвозҳо бо хатсайрҳои дохилӣ, ки ба ширкат ҷиҳати анҷоми парвозҳо бо ин хатсайрҳо ва фоидаовар кардани онҳо имкон фароҳам меоранд, мо барои Вазорати нақлиёт ҳуҷҷатҳо омода кардем, – гуфт ӯ. – Ширкат ба посухи мусбат аз Вазорат умедвор аст, зеро аз лиҳози стратегӣ ин хатсайр барои аҳолӣ хеле муҳим маҳсуб меёбад».  

Охири моҳи гузашта директори генералии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғ изҳор намуда буд, ки агар фармоиш бошад, ширкат имкон дорад, ки парвоз ба ин самтро таъмин кунад.

«Ширкати мо парвозҳои доимӣ тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғро аз 5 октябри соли гузашта мутаваққиф кард, – шарҳ дод Х.Раҳимов. – Лекин мо варианти эҳтиётӣ дорем, ки он чархболи Ми-8 буда, ин чархбол ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст».

Дар идома ӯ гуфт, дар шароити мувофиқати обуҳаво, бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки «шуморашон аз ҳавопаймои АН-28, ки қаблан дар ин самт парвоз мекард,  зиёдтар мебошад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...