Зуҳуров: барои сармоягузорон дар Тоҷикистон беш аз 70 имтиёз амал мекунад

Дар маросими ифтитоҳи форуми тичоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар Душанбе раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки барои рушди муносибатҳо байни кишварҳо таъсиси Шӯрои сармоягузорони давлатҳо зарур аст. Ба гуфтаи Зуҳуров, соли 2016 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Чехия ба Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои гузашта 33 афзуда, вале баҳри рушди бештари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маросими ифтитоҳи форуми тичоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия дар Душанбе раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки барои рушди муносибатҳо байни кишварҳо таъсиси Шӯрои сармоягузорони давлатҳо зарур аст.

Ба гуфтаи Зуҳуров, соли 2016 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Чехия ба Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои гузашта 33 афзуда, вале баҳри рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ин миқдор кофӣ нест.

Зуҳуров ба сармоягузорони Чехия баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод намуда, ба онҳо итминон дод, ки тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ барои онҳо дар Тоҷикистон беш аз 70 имтиёзу кафолатҳо амал карда, ба фаъолияти пурсамари иқтисодии сармоягузорон шароити мусоид фароҳам меорад.

«Аз лиҳози иқтисодӣ барои сармоягузорони Чехия сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар бахшҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, парвариш ва содироти сабзавоту мева, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, содироти оби нӯшокии хушсифат бо истифода аз имконоти табии мавҷуда судманд аст», – иброз дошт Зуҳуров.

Зимнан зикр гардид, ки соҳаи туризм, аз ҷумла туризм барои солимӣ ва сайру саёҳат дар кӯҳистон низ барои соҳибкорони Чехия бахшҳои ҷолиб буда метавонад.

Қобили зикр аст, ки қаблан Шукурҷон Зуҳуров бо раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.