Интиқоли ҳавопаймоҳои қиркунандаи Русия ба Тоҷикистон

Қисме аз ҳавопаймоҳои ҳарбии Русия аз пойгоҳи авиатсионии вилояти Челябинск ва Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Бино ба иттилои ТАСС бо такя ба гуфтаҳои ёвари фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия полковник Ярослав Рошупкин, ҳавопаймоҳои авиатсияи фавриву тактикии Су-24М ва Су-25СМ аз пойгоҳи авиатсионии вилояти Челябинск ва Қирғизистон ҷиҳати таъмини омодагии муштараки тарҳрезишудаи воҳидҳои пойгоҳи […]

Asia-Plus

Қисме аз ҳавопаймоҳои ҳарбии Русия аз пойгоҳи авиатсионии вилояти Челябинск ва Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилои ТАСС бо такя ба гуфтаҳои ёвари фармондеҳи Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия полковник Ярослав Рошупкин, ҳавопаймоҳои авиатсияи фавриву тактикии Су-24М ва Су-25СМ аз пойгоҳи авиатсионии вилояти Челябинск ва Қирғизистон ҷиҳати таъмини омодагии муштараки тарҳрезишудаи воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-ум ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба фурудгоҳи Айнии назди Душанбе интиқол дода шудаанд.

Тибқи маълумоти Рошупкин, ҳайати сарнишинони ҳавопаймоҳои Су-24М ва Су-25СМ ба иҷрои парвозҳо тамринӣ дар фазои Помири Шарқӣ шурӯъ кардаанд.

«Халабонони ҳавопаймоҳои бомбафкан ва қиркунанда дар шароити гуногуни иқлим амалиёти воҳидҳои тирандозиро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои таълимиву ҷангӣ оид ба муқовимат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, нобуд кардани корвонҳо, анбору урдугоҳҳои тамринӣ ва дигар иншооти рақиби эҳтимолӣ дар кӯҳҳо дастгирӣ мекунанд», – иброз доштааст полковник.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.