ХФА Русия интиқоли героин аз Тоҷикистон ба Маскавро пешгирӣ кард

Asia-Plus

Кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия дар Тотористон фаъолияти гурӯҳи шахсонеро, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба Русия машғул будаанд, қатъ карданд. Дар ин бораи РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ду нафар шаҳрванди Русия ва 1 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон беш аз 20 кило эҳтимол маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира шудааст, ки аз Тоҷикистон ба Маскав тариқи қаламрави Тотористон интиқол дода мешудааст. Арзиши эҳтимолии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 200 млн. рублро ташкил медиҳад.

«Воситаҳои нашъаовар нахуст ба қаламрави Тотористон ва сипас ҳар дафъа ба миқдори 10 кило тариқи автомашшина ба шаҳри Маскав барои фурӯш бурда мешудааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Қаблан роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор дошта буд, ки қочоқчиёни маводи нашъаовар хатсайрҳои интиқоли онро тағйир дода, акнун қисмати зиёди маводи манъшуда тариқи хатсайри ҷанубӣ – тавассути Эрон ва Туркия мегузарад.

Ба хариду фурӯши маводи нашъаовар мустақиман бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки роҳи камтар хатарноктар аз марзи Афғонистон тариқи кишварҳои Осиёи Марказиро медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...