ХФА Русия интиқоли героин аз Тоҷикистон ба Маскавро пешгирӣ кард

Кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия дар Тотористон фаъолияти гурӯҳи шахсонеро, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба Русия машғул будаанд, қатъ карданд. Дар ин бораи РИА Новости хабар медиҳад. Гуфта мешавад, аз се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ду нафар шаҳрванди Русия ва 1 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон беш аз 20 кило эҳтимол маводи […]

Кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия дар Тотористон фаъолияти гурӯҳи шахсонеро, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба Русия машғул будаанд, қатъ карданд. Дар ин бораи РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз се нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ду нафар шаҳрванди Русия ва 1 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон беш аз 20 кило эҳтимол маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира шудааст, ки аз Тоҷикистон ба Маскав тариқи қаламрави Тотористон интиқол дода мешудааст. Арзиши эҳтимолии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 200 млн. рублро ташкил медиҳад.

«Воситаҳои нашъаовар нахуст ба қаламрави Тотористон ва сипас ҳар дафъа ба миқдори 10 кило тариқи автомашшина ба шаҳри Маскав барои фурӯш бурда мешудааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Қаблан роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор дошта буд, ки қочоқчиёни маводи нашъаовар хатсайрҳои интиқоли онро тағйир дода, акнун қисмати зиёди маводи манъшуда тариқи хатсайри ҷанубӣ – тавассути Эрон ва Туркия мегузарад.

Ба хариду фурӯши маводи нашъаовар мустақиман бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки роҳи камтар хатарноктар аз марзи Афғонистон тариқи кишварҳои Осиёи Марказиро медонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.