CNN «Роҳат»-ро дар сархати чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон ҷой дод

Asia-Plus

Дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шудааст.

«Ин чойхона гувоҳи он аст, ки айни замон дар саросари дунё чой нисбат ба пешин писандидатар аст», – қайд мешавад дар маълумот.

Муалифони мавод менависанд, чойхона макони чойнӯшӣ буда, чунин биноҳоро дар тамоми саросари Тоҷикистон метавон дарёфт кард.

"Қаблан дар чойхона асосан мардон гирдиҳам омада, атрофи ин ё он масъала табодули назар мекарданд. Имрӯз он ба маконе табдил ёфтааст, ки ҳама метавонанд сари як пиёла чой суҳбати гарму самимӣ дошта бошанд".

CNN қайд мекунад, ки чойхонаи «Роҳат» барои меҳмонон яке аз ҷойҳои беҳтарини писандида ва тамошобоби шаҳри Душанбе буда, сари як пиёла чой манзараи шаҳр қобили тамошо аст. Сокинони маҳаллӣ бештар чойро баъди тановули таъомҳое ба мисли палаву сихкабоб менӯшанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи фарзияи шабакаи телевизионии амрикоӣ, чойхонаи Тоҷикистон дар сархати рӯйхати 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтааст: 

Чойхонаи "Роҳат", Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 84

Tea House 278, Bar Harbor, Мэйн

Maine Rangoon Tea House, Янгон, Мянма

Leaf Tea Bar, Рочестер, штати Ню-Йорк

Sengan-ан, Кагосима, Ҷопон 

Plain of Six Glaciers Tea House, Кӯли Луиз,  Канада.

The Random Tea Room & Curiosity Shop, Филаделфия, Пенсильвания

Proper Tea, Манчестер, Англия 

Anne Hathaway Cottage Tea Room, Стонтон, Вирҷиния 

Rx Tea Time, Шайенн, штати Вайоминг, ИМА 

Pin Von Teahouse, Сучжоу, Чин 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...