CNN «Роҳат»-ро дар сархати чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон ҷой дод

Дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шудааст. «Ин чойхона гувоҳи он аст, ки айни замон дар саросари дунё чой нисбат ба пешин писандидатар аст», – қайд мешавад дар маълумот. Муалифони мавод менависанд, чойхона макони чойнӯшӣ буда, чунин […]

Дар бахши сайру саёҳати сомонаи расмии шабакаи телевизионии CNN чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе яке аз «дурдонаҳои меъморӣ» ва яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон номида шудааст.

«Ин чойхона гувоҳи он аст, ки айни замон дар саросари дунё чой нисбат ба пешин писандидатар аст», – қайд мешавад дар маълумот.

Муалифони мавод менависанд, чойхона макони чойнӯшӣ буда, чунин биноҳоро дар тамоми саросари Тоҷикистон метавон дарёфт кард.

"Қаблан дар чойхона асосан мардон гирдиҳам омада, атрофи ин ё он масъала табодули назар мекарданд. Имрӯз он ба маконе табдил ёфтааст, ки ҳама метавонанд сари як пиёла чой суҳбати гарму самимӣ дошта бошанд".

CNN қайд мекунад, ки чойхонаи «Роҳат» барои меҳмонон яке аз ҷойҳои беҳтарини писандида ва тамошобоби шаҳри Душанбе буда, сари як пиёла чой манзараи шаҳр қобили тамошо аст. Сокинони маҳаллӣ бештар чойро баъди тановули таъомҳое ба мисли палаву сихкабоб менӯшанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи фарзияи шабакаи телевизионии амрикоӣ, чойхонаи Тоҷикистон дар сархати рӯйхати 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон қарор гирифтааст: 

Чойхонаи "Роҳат", Тоҷикистон, Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 84

Tea House 278, Bar Harbor, Мэйн

Maine Rangoon Tea House, Янгон, Мянма

Leaf Tea Bar, Рочестер, штати Ню-Йорк

Sengan-ан, Кагосима, Ҷопон 

Plain of Six Glaciers Tea House, Кӯли Луиз,  Канада.

The Random Tea Room & Curiosity Shop, Филаделфия, Пенсильвания

Proper Tea, Манчестер, Англия 

Anne Hathaway Cottage Tea Room, Стонтон, Вирҷиния 

Rx Tea Time, Шайенн, штати Вайоминг, ИМА 

Pin Von Teahouse, Сучжоу, Чин 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.