Оғози пахши барномаҳои телевизиони «Пойтахт» бо формати HD

Хабаргузории «Озодагон»

Телевизиони “Пойтахт”, ки шабакаи шаҳрдории Душанбе аст ба пахши барномаҳо бо формати “HD” (High-Definition) шурӯъ мекунад.

Суҳроб Рауфов, директори ТВ “Пойтахт” ба “Озодагон” гуфтааст, гузариш ба ин формат аз соати 17:00-и аз имрӯз, 17 феврал оғоз мегардад. Ба гуфтаи ӯ, “Пойтахт” бо таҷҳизоти муосири пахши барномаҳо, ки аз Аморати муттаҳидаи Араб оварда шудааст, муҷаҳҳаз гардида, пахши барномаҳо низ зиёд карда мешавад: “Пахши барномаҳо дар як шабонарӯз ба 18 соат расонида мешавад”.

Соли 2012 баъди раҳбари ТВ “Пойтахт” таъин шудани Абдуқодири Абдуқаҳор ин шабака чанд муддат ба пахши 20 соатаи барномаҳо дар шабонарӯз шурӯъ кард. Аммо вақте моҳи феврали соли 2013 ин шабака барои чанд рӯз пахши барномаҳояшро қатъ намуд ва масъулинаш онро ба сабабҳои техникӣ рабт доданд, оқои Абдуқаҳор гуфт, бо машварати корхонаи “Телерадиоком” телевизиони “Пойтахт” аз нав ба пахши 8-соатаи барномаҳо мегузарад.

Аз 6 шабакаи саросарии Тоҷикистон ҳоло танҳо ТВ “Варзиш” бо формати “HD” барнома пахш мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам, ки ахиран аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” хабар дод, гуфт, он дар формати “HD” эфир мебарояд.

Баъди ба курсии раиси шаҳри Душанбе нишастани Рустами Эмомалӣ раҳбарии ТВ “Пойтахт” ба уҳдаи Суҳроб Рауфов, директори собиқи “Телевизиони Тоҷикистон” гузошта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...