Оғози пахши барномаҳои телевизиони «Пойтахт» бо формати HD

Телевизиони “Пойтахт”, ки шабакаи шаҳрдории Душанбе аст ба пахши барномаҳо бо формати “HD” (High-Definition) шурӯъ мекунад. Суҳроб Рауфов, директори ТВ “Пойтахт” ба “Озодагон” гуфтааст, гузариш ба ин формат аз соати 17:00-и аз имрӯз, 17 феврал оғоз мегардад. Ба гуфтаи ӯ, “Пойтахт” бо таҷҳизоти муосири пахши барномаҳо, ки аз Аморати муттаҳидаи Араб оварда шудааст, муҷаҳҳаз гардида, […]

Хабаргузории «Озодагон»

Телевизиони “Пойтахт”, ки шабакаи шаҳрдории Душанбе аст ба пахши барномаҳо бо формати “HD” (High-Definition) шурӯъ мекунад.

Суҳроб Рауфов, директори ТВ “Пойтахт” ба “Озодагон” гуфтааст, гузариш ба ин формат аз соати 17:00-и аз имрӯз, 17 феврал оғоз мегардад. Ба гуфтаи ӯ, “Пойтахт” бо таҷҳизоти муосири пахши барномаҳо, ки аз Аморати муттаҳидаи Араб оварда шудааст, муҷаҳҳаз гардида, пахши барномаҳо низ зиёд карда мешавад: “Пахши барномаҳо дар як шабонарӯз ба 18 соат расонида мешавад”.

Соли 2012 баъди раҳбари ТВ “Пойтахт” таъин шудани Абдуқодири Абдуқаҳор ин шабака чанд муддат ба пахши 20 соатаи барномаҳо дар шабонарӯз шурӯъ кард. Аммо вақте моҳи феврали соли 2013 ин шабака барои чанд рӯз пахши барномаҳояшро қатъ намуд ва масъулинаш онро ба сабабҳои техникӣ рабт доданд, оқои Абдуқаҳор гуфт, бо машварати корхонаи “Телерадиоком” телевизиони “Пойтахт” аз нав ба пахши 8-соатаи барномаҳо мегузарад.

Аз 6 шабакаи саросарии Тоҷикистон ҳоло танҳо ТВ “Варзиш” бо формати “HD” барнома пахш мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам, ки ахиран аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” хабар дод, гуфт, он дар формати “HD” эфир мебарояд.

Баъди ба курсии раиси шаҳри Душанбе нишастани Рустами Эмомалӣ раҳбарии ТВ “Пойтахт” ба уҳдаи Суҳроб Рауфов, директори собиқи “Телевизиони Тоҷикистон” гузошта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.