Пешгирии қочоқи маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон

Date:

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз кӯшиши қочоқи миқдори зиёди маводи мухаддир ба кишвар пешгирӣ намуданд.

Рӯзи 16 феврал зимни амалиёти кормандони Кумита дар ҳамдастӣ бо марзбонон ҳангоми анҷоми муомилот дар бозори наздимарзии Теми шаҳри Хоруғ сокини  музофоти Шуғнони Афғонистон Руҳулло валади Абдулҳабиб ва сокини маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ Нахим Халилов боздошт шудаанд.

Тибқи маълумоти КДАМ, аз боздоштшудагон 37 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш мусодира ва аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...