Президент: Нархҳои бозор ба директорон вобаста аст

Дар мулоқот бо раҳбарияти шаҳрдории Душанбе ва аҳли ҷомеаву фаъолони пойтахт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки яке аз сабабҳои асосии нархҳои баланд дар бозорҳо мавҷуд набудани назорати дахлдор аз ҷониби директорони ин бозорҳо аст. «Аз нисфи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли ватанӣ буда, дар ҳамин ҳол, нархи онҳо баланд аст ва ин […]

Дар мулоқот бо раҳбарияти шаҳрдории Душанбе ва аҳли ҷомеаву фаъолони пойтахт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки яке аз сабабҳои асосии нархҳои баланд дар бозорҳо мавҷуд набудани назорати дахлдор аз ҷониби директорони ин бозорҳо аст.

«Аз нисфи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли ватанӣ буда, дар ҳамин ҳол, нархи онҳо баланд аст ва ин ҳолат боиси ташвиш аст», – иброз дошт сарвари давлат.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз болои нархҳо назорат бурда намешавад.

«Масалан, дар ноҳияи Ҷайҳун 1 кило сабзиро 40 дирам харида, ба ин ҷо меоранд ва панҷ баробар зиёдтар – бо арзиши 2,5 сомонӣ мефурӯшанд, – қайд кард президент. – Ин маблағи иловашуда аз куҷосту кӣ бояд инро назорат кунад? Доир ба болоравии «маъмулӣ»-и нархҳо замони фарорасии идҳо ҷойи гап ҳам нест».

Ба андешаи сарвари давлат, ин мушкилот маҳз ба директорони бозорҳо вобастагӣ дорад.

«Шумо танҳо барои кисаи худ ҷамъоварии маблағ барои иҷораву чекпулиро медонед. Кадом чизе ба шумо халал мерасонад, ки худатон мустақиман назди деҳқон ба саҳро рафта, аз он ҷо ба бозор маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва арзонро оред? Оё ин ҳамин қадар душвор аст?», – бо савол муроҷиат кард ба директорони бозорҳо сарвари давлат.

Президенти мамлакат ба раҳбарияти «Тоҷикматлубот», директорони бозорҳо ва дигар сохторҳои марбута дастур дод, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба болоравии беасоси нарху наво роҳ надиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.