Президент: Нархҳои бозор ба директорон вобаста аст

Asia-Plus

Дар мулоқот бо раҳбарияти шаҳрдории Душанбе ва аҳли ҷомеаву фаъолони пойтахт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки яке аз сабабҳои асосии нархҳои баланд дар бозорҳо мавҷуд набудани назорати дахлдор аз ҷониби директорони ин бозорҳо аст.

«Аз нисфи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо истеҳсоли ватанӣ буда, дар ҳамин ҳол, нархи онҳо баланд аст ва ин ҳолат боиси ташвиш аст», – иброз дошт сарвари давлат.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз болои нархҳо назорат бурда намешавад.

«Масалан, дар ноҳияи Ҷайҳун 1 кило сабзиро 40 дирам харида, ба ин ҷо меоранд ва панҷ баробар зиёдтар – бо арзиши 2,5 сомонӣ мефурӯшанд, – қайд кард президент. – Ин маблағи иловашуда аз куҷосту кӣ бояд инро назорат кунад? Доир ба болоравии «маъмулӣ»-и нархҳо замони фарорасии идҳо ҷойи гап ҳам нест».

Ба андешаи сарвари давлат, ин мушкилот маҳз ба директорони бозорҳо вобастагӣ дорад.

«Шумо танҳо барои кисаи худ ҷамъоварии маблағ барои иҷораву чекпулиро медонед. Кадом чизе ба шумо халал мерасонад, ки худатон мустақиман назди деҳқон ба саҳро рафта, аз он ҷо ба бозор маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва арзонро оред? Оё ин ҳамин қадар душвор аст?», – бо савол муроҷиат кард ба директорони бозорҳо сарвари давлат.

Президенти мамлакат ба раҳбарияти «Тоҷикматлубот», директорони бозорҳо ва дигар сохторҳои марбута дастур дод, ки ба масъалаи таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба болоравии беасоси нарху наво роҳ надиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...