Президент раисони судҳои вилоятҳои Суғду Хатлонро иваз кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ҳамчунин раисони суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъин шуданд. Ҳамчунин қариб 60 нафар коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд.

Аксарияти кадрҳои ба вазифаҳои судяи шаҳру ноҳияҳо таъингардида, мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва соҳибтаҷриба буда, аз ҳисоби коромӯз-судяҳое мебошанд, ки баъди гузаштан аз озмун муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳо таҳсил кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои дар зинаҳои роҳбарии судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардида, ки аксарияташон ҷавонони корозмӯда мебошанд, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...