Ҷаласаи Комисссияи байниҳуқуматии Тоҷикистону Қазоқистон

Дар шаҳри Остона ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии мазкур ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҷониби Қазоқистонро Муовини вазири энергетика Магауов Асет Маратович роҳбарӣ намуданд. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои […]

Дар шаҳри Остона ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии мазкур ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҷониби Қазоқистонро Муовини вазири энергетика Магауов Асет Маратович роҳбарӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, об ва энергетика, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Комиссия ба тамоми мақомотҳои давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори Тарафҳо тавсия дод, ки тадбирҳои заруриро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобила ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои афзун  намудани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  чораҳои зарурӣ андешанд.

 Аз натиҷаи кори ҷаласа Протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Қаҳҳорзода бо Вазири сармоягузорӣ ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон Ж.Касимбек доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, инчунин афзоиши иқтидори ҳамкории самаранок, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ доштаро баррасӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.