Президент раисони судҳои вилоятҳои Суғду Хатлонро иваз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъин […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои Президент Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд ва Мирзозода Рустам раиси Суди вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Ҳамчунин раисони суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Қубодиён ва Вахши вилояти Хатлон, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва раисони суди ҳарбии гарнизонҳои Хатлон ва Душанбе таъин шуданд. Ҳамчунин қариб 60 нафар коромӯз-судяҳо бори аввал дар мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фаъолият оғоз мекунанд.

Аксарияти кадрҳои ба вазифаҳои судяи шаҳру ноҳияҳо таъингардида, мутахассисони ҷавону лаёқатманд ва соҳибтаҷриба буда, аз ҳисоби коромӯз-судяҳое мебошанд, ки баъди гузаштан аз озмун муддати як сол дар Маркази таълимии судяҳо таҳсил кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои дар зинаҳои роҳбарии судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардида, ки аксарияташон ҷавонони корозмӯда мебошанд, хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии давлат, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адолати судӣ ва муҳимтар аз ҳама волоияти қонунгузории мамлакатро талаб намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...